Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш бурда, фаластиниёнро шаҳиду маҷруҳ ва ё боздошту равонаи зиндон мекунанд.
Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, бинобар гузориши марокизи ҳуқуқии фаластинӣ, Муҳаммадмарзуқ Ароиша, ҷавони фаластинии сокини Наблос, ки ду ҳафта пеш ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист захмӣ шуда буд, бар асари шиддати ҷароҳоти ворида ба шаҳодат расид. Бар пояи ин гузориш 89 маврид даргирӣ байни фаластиниёну ишғолгарони исроилӣ дар арозии ишғолӣ ба вуқуъ пайваста, ки тайи он даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳафтаи гузашта низ 9 амалиёти тирандозӣ ва 16 мавриди партоби коктели Молотов ба самти саҳюнистҳо низ сабт шуда, ки тайи он ду саҳюнист захмӣ шуданд.
342/